Ҷинояткориро ҷилавгирӣ мебояд

Ноябрь 4, 2013 16:20

Душанбе,4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Тибқи иттилои кормандони раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки 2-юми ноябри соли ҷорӣ зимни мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ изҳор доштанд, шумораи ҷиноятҳои содирнамудаи муҳассилини макотиби олии кишвар дар 9 моҳи сипаришуда 72 ададро ташкил медиҳад. Боиси таассуф аст, ки бо вуҷуди татбиқи  тадбирҳое, ки ба ҷилавгирӣ аз аъмоли номатлуб вобастаанд, раванди ҷинояткорӣ дар муқоиса ба соли гузашта коҳиш наёфтааст,-хабар дод котиби матбуоти Донишгоҳи омӯзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки муноқишаю кашмакашҳо, аз қабили занозанӣ ва кордкашӣ миёни толибилмони ҳам макотиби олӣ ва ҳам миёна афзоиш ёфтааст. Теъдоди ин гуна ҷиноятҳо 20 ҳолат мебошад, ки воқеан ҳам, боиси ташвиш ва нигаронии ҷиддист.
Дар такя бар қавли кормандони раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, садамаҳои нақлиётӣ низ дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда хеле бештар мебошад ва нисбат ба соли рафта имсол шумораи садамаҳо 34 ҳолат ва талафоти ҷонӣ 25 ҳолат зиёд аст. 
Дар натиҷаи рейдҳои ҷорӣ ва махсус 172 ҳолати истифодаи мошинҳои шахсӣ аз ҷониби донишҷӯён ҳангоми ҷараёни таълим ошкор гардид ва бо айби толибилмон 9 садама ба амал омадааст.
Намояндагони мақомоти қудратӣ, ҳамчунин таъкид доштанд, ки дар давоми соли равон 748 нафар бо ҷурми нашъаҷаллобию нашъамандӣ дастгир шуданд, ки 279 нафари онҳо ҷавонон мебошанд. Дар айни замон дар бемористонҳои махсус 7590 нафар нашъаманд табобат мегирад, ки 2329 нафараш ҷавон ҳаст.

Ноябрь 4, 2013 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ