Анҷоми барномаи 6-ҳафтаинаи ИМА барои занон-афсарони милитсия

Ноябрь 29, 2013 16:22

Душанбе, 29 ноябр.(АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Бахши байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА (бахши INL) дар ҳамкори бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барномаи шашҳафтаинаи “Баланд бардоштани мақоми зан”-ро барои занон-афсарони милитсия дар Душанбе ба анҷом расонд. Тавре, ки дар ин бора аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, занон-афсарони милитсия бо зиёда аз бист мавзуъ шинос шуданд, ки ин дар навбати худ, ихтисоси онҳоро дар мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ, худкушӣ дар байни занҳо, хушунати ҷавонон ва хариду фуруши одамон, ки ҷомеа ба онҳо дучор мешавад, такмил доданд. Барномаи мазкур тавассути пудратчии бахши номбаршуда-созмони “Эмерҷенс Групп”(TEG), аз 21-уми октябр то 29-уми ноябри соли равон дар Академияи назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузаронида шуд. Ҳадафи лоиҳаи мазкур аз баланд бардоштани маҳорати амалӣ ва тафтишотии занон-афсарони милитсия ва афзоиши тавоноии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқие, ки ба талаботи ҷомеа мувофиқанд, иборат аст.

Ноябрь 29, 2013 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш