Ба қонун дар бораи мақомоти амният тағйирот ворид мешавад

Ноябрь 4, 2013 15:32

               Душанбе, 4 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик Парлумони кишвар ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид намояд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки 4 ноябр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров –раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ шуд.
       Амирқул Азимов- раиси кумитаи палатаи поёнии Парлумон оид  ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки лоиҳаи қонун бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти он ба қонунгузории амалкунанда ва бартараф намудани мухолифатҳои ҷойдошта таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Ноябрь 4, 2013 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш