Баррасии гузариш ба низоми нави баҳодиҳӣ ба дониши хонандагон
Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-31 октябр дар Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмию амалии «Гузариш ба низоми нави баҳодиҳӣ ба дониши хонандагон» доир гардид. Ҳадафи конфронс аз таъмини сифати баланди таълиму тарбия ва сатҳи донишу маърифати хонандагон иборат буд. Дар шароити кунунӣ гузариш ба низоми нави таҳсилот, таҷдиди назар ба меъёрҳои баҳогузорӣ, ба роҳ мондани методологияи наву самарабахши тадрис, истифодаи босамари усулҳои фаъоли таълим аз ҷумлаи равандҳое мебошанд, ки барои ворид гаштан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мусоидат хоҳанд кард.Дар конфронс зикр шуд, ки консепсияи миллии таҳсилот ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ва робитаи устувори раванди таҳсилоти миллӣ бо фарҳангу маърифат ва тамаддуни ҷаҳонӣ заминаи устувору мусоид гузошт.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






