Беш аз 25 миллион $ барои рушди соҳаи маориф

Ноябрь 26, 2013 14:58

Душанбе, 26 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳои миёна»-ро 26 ноябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расонданд. Руҳуллоҳ Ҳакимов -муовини вазири молияи ҷумҳурӣ санади мазкурро шарҳ дода гуфт, ки бобати татбиқи ин лоиҳа 25 миллиону 750 ҳазор $, аз ҷумла аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд 25 миллион $ ва аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 750 ҳазор $ муайян гардидааст. Муҳлати қарз 25 сол, давраи имтиёзноки пардохти қарзи асосӣ 5 сол, меъёри фоизи хизматрасонӣ 1 %- и солона муқаррар гардидааст.  Созишномаи мазкур аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд 19 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда ва хизматрасонии қарзҳо аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ба уҳдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Фонди Саудии Рушд дар соли 2004 лоиҳаи сохтмон ва таҷҳизи мактабҳо омода гардид, ки марҳилаи якуми он сохтмон ва таҷҳизи се мактаби миёнаро дар ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода ва Панҷ дарбар гирифта, солҳои 2004-2009 амалӣ гардонида шудааст. Марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии 5 мактаби миёнаро дар ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Фархор, Бохтар ва шаҳри Душанбе дарбар гирифта, алҳол дар сатҳи амалишавӣ қарор дорад ва дар назар аст, ки он то соли 2015 пурра ба анҷом расад.  Ҳадафи лоиҳаи мазкур рушд ва беҳтар намудани таҳсилоти умумӣ ва қонеъ гардонидани талаботи мамлакат ба низоми таҳсилот тавассути сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳо дар ноҳияҳои мухталифи кишвар мебошад, зеро тибқи нақша дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳа бинои 15 мактаб дар ноҳияҳои Восеъ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Норак, Ҷилликӯл, Данғара, Кӯлоб, Шӯрообод, Фархор, Бохтар Панҷакент ва Айнӣ сохта ва муҷаҳҳаз гардонида шуда, то охири соли 2016 ба истифода дода мешаванд.  

Ноябрь 26, 2013 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ