Боздиди ҳайати ФР аз Маркази сагпарварии АНМН

Ноябрь 25, 2013 11:16

Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ҳайати байниидоравии Федератсияи Русия бо иштироки ҳамоҳангсози доимии СММ, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маркази миллии таълимии хадамоти сагпарварии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ боздид намуд. Мувофиқи хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, мақсад аз сафари ҳайат арзёбии натиҷаи мусоидат ба муайян намудани самтҳои дурнамои ҳамкорӣ мебошад. Ҳайат бо сохтори Маркази сагпарварӣ, тарҳрезӣ ва ташкили фаъолияти он, ҳамчунин ҷиҳатҳои истифодаи амалии сагҳои хидматӣ барои пайдо намудани маводи нашъаовар мебошад. Директори Агентии назорати маводи нашъаовар зикр намуд, ки алҳол муассисаҳои мухталифи СММ ва кишварҳои мададгор пешниҳодро дар мавриди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Маркази такмили ихтисоси кормандони сохторҳои зидди маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ менамоянд. Роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовар ҳамчунин таваҷҷӯҳи аъзои ҳайатро ба ҳамкории байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳошияи Созишномаи байниҳукуматӣ ҷалб намуда, перомуни саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мубориза бо маводи нашъаовар дар минтақаи Осиёи Марказӣ муфассал нақл кард.

Ноябрь 25, 2013 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд