Бозгашти варзишгарони маъюби кишвар бо 4 медал аз Швейтсария
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- 4 нафар варзишгарони маъюби кишвар дар мусобиқаи байналмилалии «Тенниси калон», ки аз 14 то 18-уми ноябри соли равон дар Швейтсария ҷараён дошт, 4 медал- 1 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.
Ҳусейн Назаров нишони тиллои ин мусобиқаро ба даст овардааст ва ин дуюмин медали тиллои ӯ аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Ҳусейн феврали соли равон дар олипиадаи Сеул-2013 миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд дар риштаи лижаронӣ сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардида буд. Бародараш Ҳасан дар ин мусобиқа ҷойи сеюм ва медали биринҷиро ба даст овард.
Фаридун Юлдошев ва Фарида Назарова дар ин риштаи варзиш ҷойи дуюм ва медалҳои нуқраи ин мусобиқаро соҳиб гаштанд.
Дар мусобиқаи байналмилалии теннис, ки тӯли як ҳафта миёни варзишгарони маъюби 23 кишвари ҷаҳон ҷараён дошт, Тоҷикистон аввалин кишварест, ки аз манотиқи Осиёи Миёна дар он иштирок намуд. Варзишгарони кишвар шоми имрӯз, 19-уми ноябр соати 18:00 ба Ватан бармегарданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






