Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Ноябрь 7, 2013 16:09

Сабӯкдӯш кардани 2 низомӣ аз вазифа
     Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Ду нафар низомии Кения бо ҷурми даст доштан  дар амалҳои ғоратгарии  ҳодисаи фоҷиабор, ки дар маркази савдои «Уэстгейт» — и шаҳри Найроби сурат гирифт, аз вазифа сабукдўш гардиданд. Аз наворҳои дастгоҳҳои наворбардории махфӣ маълум мегардад, ки гумонбарон тайи 4 рўзи хунрезӣ дар дохили маркази савдо бо борхалтаҳо ашёи гуногун ва дигар лавозимоти маҷмааи тиҷоратиро рабудаанд. Дар ин самт тафтишот  идома дорад.
Нуқта ба баҳс
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Додгоҳи Олии Аргентина Қонун «Дар бораи фаъолияти васоити ахбори омма»-ро, ки он соли 2009- ум қабул шуда буд, конситутсионӣ эълон кард. Ҳамин тавр, Додгоҳи олӣ қарор кард, ки иҷозати пахши барномаҳои 200 шабакаи телевизион ва радиоӣ аз медиахолдинги «Коларин» ба ихтиёри дигар ниҳоди иттилоотӣ дода шавад. Бо ҳамин ба баҳсҳои доманадори ҳукуматдорон ва бузургтарин медиахолдинги мухолифини «Коларин» нуқта гузошта шуд. 
             Нооромӣ  дар Конго
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Ба сарбозони Артиши миллии Ҷумҳурии Демократии Конго муяссар шуд, ки дар ҳамдастӣ бо нерўҳои ҳомии сулҳи СММ чанд шаҳрро аз тасарруфи силоҳбадастон озод намоянд. Мувофиқи иттилои расида, бархўрдҳои шадид асосан дар байни Артиши миллии Конго ва нерўҳои ҳомии СММ бо силоҳбадастони ҳаракати «М-23» сурат гирифтааст.  Алҳол даргириҳо бештар дар минтақаҳои  наздисарҳадии Конго бо Уганда, бахусус кисми шарқии мамлакат ба назар мерасанд. 
Бетартибӣ дар  Бразилия
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Сан-Паулуи Бразилия аҳолӣ даст ба бетартибӣ зад. Коршиносон ин амали шаҳрвандонро бинобар сабаби аз ҷониби корманди мақомоти полис ба ҳалокат расондани навраси 17-сола рабт медиҳанд. Сокинони шаҳри Сан-Паулу иброз медоранд, ки корманди мақомоти полис қасдан ба сўи наврас оташ кушодааст. Мақомоти полис мегӯянд, ки ин ҳодиса тасодуфан рух додааст. Кормандони мақомоти қудратӣ 90 тан иштирокчии  бетартибиҳоро боздошт намуданд. 
           Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибулло

Ноябрь 7, 2013 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ