Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Ноябрь 8, 2013 17:02

 
                                            Сатҳи пасти иқтисодиёти Амрико  
   Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Сатҳи иқтисодиёти Амрико бидуни эътино ба интизороти нек боз ҳам поён рафт.Ба гуфти роҳбари  Департаменти савдои кишвар дар семоҳаи сеюми соли равон Маҷмўи маҳсулоти дохилии мамлакат то 2,8 дарсад коҳиш ёфт. Ин дар ҳолест, ки коршиносон то 2 дарсад боло рафтани нишондоди мазкурро пешгўӣ менамуданд.Яке аз сабабҳои пастравиро коршиносон дар афзоиши хароҷоти сокинони кишвар рабт медиҳанд, зеро мардум  аз хавфи дучор нашудан ба буҳрони навбатӣ ҳарчи бештар молу маҳсулот захира карда, хазинаи худро ба харҷ доданд. 
                                             Таркиш дар Афғонистон
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар вилояти Хусти Ҷумҳурии Исломии  Афғонистон бар асари таркиш 3 нафар  аз кормандони мақомоти полиси кишвар ба ҳалокат расиданд. Тавре ки  итилоъ дода шуд,  таҷҳизоти  таркандаро дар канори роҳи мошингард  насб намуда,  ҳангоми убури  мошини хидматии кормандони мақомоти  полис тавассути дастгоҳи идоракунандаи фосилавӣ инфиҷор додаанд.  Масъулияти ҳодисаро то кунун ягон фард ё гуруҳи алоҳида ба уҳда нагирифтааст. 
Интихоби роҳбари нави Толибон
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои манбаъҳои муътамади хабарии Покистон Ҳусейн Фазлуллоҳро роҳбари нави Толибони Покистон   интихоб карданд. Ёдовар мешавем, ки роҳбари  собиқ  Ҳакимулло Маҳсуд як ҳафта қабл бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини нерўҳои низомии ИМА дар Вазиристони шимолии Покистон ба ҳалокат расид. Бояд гуфт, ки  Фазлуллоҳ 2 сол боз як гуруҳи «Толибон»-ро дар водии Своти  қисми шимолу ғарбии Покистон роҳбарӣ мекард.
Маҳрумияти якумра аз озодӣ
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки расонаи хабарии Би Би Си навиштааст, ҳафтаи равон  собиқ корманди соҳаи  низомии Амрико Уилям Поттс, ки 30 сол қабл як ҳавопайморо рабуда ба Куба фирор карда буд, баъди  бозгашт дастгир гардид. Бо вуҷуди он, ки 13 сол дар Куба аз озодӣ маҳрум гардида буд, акнун дар Амрико ўро маҳрумият аз озодӣ аз  20 сол то якумр интизор аст.
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Ноябрь 8, 2013 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ