Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Ноябрь 14, 2013 16:23

    Задухӯрд дар Афғонистон    
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ задухўрди  таслиҳотӣ сурат гирифт. Аз рўи маълумоти манбаъҳои хабарии Афғонистон муноқиша дар вилояти Қандаҳор   миёни кормандони воҳидҳои низомӣ ва силоҳбадастони аъзои ҷунбиши «Толибон» ба вуқуъ омадааст. Ба гуфти роҳбари матбуоти Хадамоти амнияти миллии кишвар дар пайи набарди тўлонӣ 7 нафар аъзои ҳаракати «Толибон» безарар гардонида  шуд.
      Заминларза дар Индонезия
 Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-  Дар ҷазираи Суматраи Индонезия заминларзаи сахт ба амал омад. Қувваи зилзила мутобиқ ба ҷадвали Рихтер  5,5 дараҷаро  ташкил дод. Пажуҳишгоҳи зилзиласанҷии мамлакат маркази асосии заминларзаро дар масофаи  674 километрии қисми ҷанубу ғарбии ҷазираҳои «Симелуэ»  ба қайд гирифт. Зилзила музофоти Ачехро низ такон дод. Дар хусуси оқибатҳои офати табиӣ то кунун ягон маълумоти дақиқ дода намешавад. 
Зарари тӯфони Ҳайян дар Филиппин
  Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Ҳазорҳо нафар сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Филиппин дар фурудгоҳи шаҳри Таклобан дар интизори ба ҷойи бехавф панаҳ бурдан  мебошанд. Аз сабаби зиёд будани шумораи зарардидагон  имкони сари вақт  равона намудани онҳо ба ҷойҳои бехатар маҳдуд аст. Бояд гуфт, ки то ҳол аз ҷониби аксар кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ расонидани кўмаки башардўстона  ба аҳолии зарардидаи Филиппин идома дорад. Манбаъҳои хабарии дохили кишвар шумораи қурбониёни ин офати табииро  2 ҳазору 700 нафар меҳисобанд, вале расонаҳои хабарии хориҷи кишвар ин шумораро 10 ҳазор нафар мешуморанд.
Обхезии шадид дар Сомали
 Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-  Як  силсила минтақаҳои Сомали то ҳанўз дар муҳосираи обхезии шадид қарор доранд. Бар асари ин офати табиӣ беш аз 240 кас ба ҳалокат расида, чанд тани дигар маҷруҳ шуданд.Ҳудуди  ҳазор гектар замини кишоварзӣ    пурра зери обу гил монд.  Дар натиҷаи ин офати табиӣ ҳазор манзили зист ва роҳҳои нақлиётӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ ва дигар иншоот пурра хароб гардиданд. Офати табиӣ бештар ба минтақаи  Пунтленди хисорот ворид намуд.
 
                                  Хуруҷи вулқон дар Индонезия
  Душанбе, 14 ноябр (АМИТ «Ховар»).- Хуруҷи бидуни таваққуфи  вулқони «Синабунг» дар Индонезия бештар аз 5 ҳазор нафарро ба тарки иҷбории манзили зист овард. Тибқи маълумоти расида, то кунун 5 ҳазору 265 нафар аз минтақаҳои атрофи вулқон ба ҷойҳои нисбатан бехавф кўч бастанд.  Вулқони «Синабунг»  аз оғози моҳи ноябр ҳамвора туғён мезанад. Ҷоизи қайд аст, ки соли  2010 ум низ дар ҷазираи Яваи Индонезия  вулқони «Мерапи»  хуруҷ карда, 350 нафарро қурбон кард.
 
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Ноябрь 14, 2013 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд