Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Ноябрь 15, 2013 16:48

                                       Гардиши евро  дар Фронса
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Ба иқрори ҳукуматдорони Фаронса  то охири соли равон иқтисодиёти кишвар эҳтимол то 0,1 дарсад афзоиш ёбад. Чунин нишондод барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ имкон фароҳам оварда наметавонад.Сатҳи бекорӣ  дар Фаронса имрўзҳо беш аз  11 дарсадро ташкил медиҳад. Мушкили дигари мамлакат дар ҳоли ҳозир ин қарзи давлатӣ мебошад, ки бино ба пешгўии  мутахассисон баъди ду сол он ба 93 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мешавад. 
                                     Норозигии Парлумони Украина
 Душанбе, 15 ноябр (АМИТ «Ховар»).-Парлумони Украина бори дигар баррасии лоиҳаи қонунро  дар бораи иҷозат ба собиқ сарвазири кишвар Юлия Тимошенко  барои табабаташ дар хориҷи мамлакат  мавқуф гузошт.Ҷаласаи навбатии намояндагони Радаи болоии Украина қариб як соат идома ёфта, дар натиҷаи он вакилон ба ягон мувофиқа  нарасиданд.  Аммо намояндагони ҳизби роҳбарикунандаи «Минтақаҳо» мегўянд, ки дар ҷаласаҳои баъди онро баррасӣ ва қабул хоҳанд кард. 
                        Пешниҳоди мири шаҳри Торонто
 Душанбе, 15 ноябр (АМИТ «Ховар»).-Мири шаҳри Торонто Роб Форд, ки дар истифодаи маводи мухаддир гунаҳгор дониста мешавад, дар назди ҳукуматдорони кишвар суханронӣ намуд. Қисми зиёди намояндагони воломақоми шаҳр талаб доранд, ки ӯ ба истеъфо равад. Вале Роб Форд иброз дошт, ки аз вазифааш даст кашиданӣ нест. Ў  иқрор шуд, ки дар ҳақиқат  маводи мухаддирро истифода бурдааст. Роб Форд ба ҳозирин рў оварда, барои ин амалаш узрхоҳӣ намуд. 
                                        Намоишгоҳи Русия
Душанбе, 15 ноябр (АМИТ «Ховар»).- Намоишгоҳи Русияи православиро дар толори вижаи пойтахти Федератсияи Русия –шаҳри Москва то 19-уми декабри соли равон метавон тамошо кард.Аз нигораҳои мавриди намоиш хоҳишмандон имкон доранд,ки то ними шаб ҳар рўз дидан кунанд. Ҳамарўза барои ошноӣ  пайдо намудан дар бораи хонаи сулолаи Романовҳо ҳазорҳо нафар алоқамандон меоянд. Таваҷҷуҳи зиёди роғибонро ба сулолаи мазкури шоҳони Русия  далелҳои таърихии ҳайратангезе дар бораи зиндагиномаи хонаводаи онҳо, ки аз нигораҳои намоишгоҳ бармеоянд,  ба худ ҷалб менамояд.
                               Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Ноябрь 15, 2013 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд