Чорабиниҳои идона ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ

Ноябрь 21, 2013 10:49

Душанбе, 21 ноябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт, ки ҳамасола 24 ноябр таҷлил мегардад, қарори марбута ба тасвиб расонд. Тибқи ин қарор нақшаи чорабиниҳо дар робита ба ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар Рӯзи Парчами давлатӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии “Дӯстии халқҳо” , “Кӯли ҷавонон”, “Боғи Парчами миллӣ” ва майдони “800-солагии Маскав” сайругашти оммавии шаҳрвандон, консерти идона баргузор гардида, чорабиниҳои идона таҳти унвони “Салоқат ба Парчам”, “Орази Парчам”, “Таърихи Парчам”ва “Муҳаббат ба Парчам” ташкил мешаванд. Ҳамзамон дар Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ намоиши китобҳо ва мизи мудаввар созмон дода шуда, дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт ташкили мусобиқаи веломарафон дар назар аст.  Инчунин дар асоси ин қарор масъулини сохторҳои марбутаи пойтахт муваззаф гардидаанд, ки бобати насби Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ ва дастрас намудани нишони сарисинагӣ — рамзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ронандагони нақлиёти ҷамъиятии пойтахт тадбирҳо андешанд.

Ноябрь 21, 2013 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш