Дар Хуҷанд мусобиқоти боксчиён анҷом ёфт

Ноябрь 26, 2013 12:02

Хуҷанд, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Дадобоев).- Чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ёдбуди устоди варзиши ИҶШС Маъруф Ҳусейнов мусобиқоти кушода оид ба бокс анҷом ёфт. Тавре ки аз Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят хабар доданд, имсол мусобиқа ба Рӯзи Парчами миллӣ бахшида шуда, дар он 144 нафар варзишгарони шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҳамчунин боксчиёни Қазоқистону Қирғизистон иштирок доштанд.Аз рӯи натиҷаи мусобиқот боксчиёни вилояти Суғд 23 медал, аз ҷумла 7 медали тилло, 5 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ ба даст оварданд.Мусобиқот бо ибтикори Кумитаи варзиши ҷумҳурӣ ва бо дастгирии маъмурияти вилояту шаҳр роҳандозӣ шуд.

Ноябрь 26, 2013 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш