Дар рӯзҳои ид ва интихобот касе бе барқ намемонад

Ноябрь 5, 2013 17:04

Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). -Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» (ШСХК) ба иттилои муштариён мерасонад, ки вобаста ба таҷлили  Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз соати 17-00-и рўзи 5 ноябр то соати 11-00-и рўзи 7 ноябр дар қаламрави кишвар барқ бемаҳдудият дода мешавад. 
Аз соати 11-00-и рўзи 7 ноябр интиқоли барқ боз аз рўи реҷаи маҳдудият амалӣ мегардад.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд, бо мақсади риояи ҷадвали маҳдудият аз тарафи шабакаҳои барқии тобеи ШСХК «Барқи тоҷик», ошкор намудани истифодаи ғайриқонунии барқ, ки зарараш ба тамоми ҷомеа мерасад ва сабабгори вайрон шудани танзими таъминот мегардад, муносибати кормандони соҳаи барқ ба муштариён, дар ШСХК «Барқи тоҷик» телефонҳои боварӣ 235-86-74;  235-86-84; 610-60-50; 295-202 ташкил шудаанд. Навбатдорон ба таври шабонарўзӣ кор карда, ҳар занги телефонро ба қайд мегиранд, оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии таъмини барқи ширкат ва Шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд ва сари вақт тадбирҳои амалӣ меандешанд. Фаъолияти навбатдорон ва тадбирҳои андешидаи масъулон дар ин бобат ҳафтае як бор дар назди раиси шикат баррасӣ мегардад ва гунаҳгорон ҷазо дода мешаванд.
 

Ноябрь 5, 2013 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ