Дар Суғд беш аз 48 ҳазор интихобкунанда бори нахуст овоз дод
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар интихоботи Президенти ҶТ 48 ҳазору 474 нафар сокинони вилояти Суғд бори нахуст иштирок намуданд.
Назар ба хабари хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, мувофиқи маълумоти пешакӣ дар ин7тихоботи Президенти Тоҷикистон беш аз 1 миллион нафар шаҳрвандони ин минтақаи шимолии кишвар иштирок намуданд.
Мувофиқи маълумоти комиссияи интихоботии вилоят дар ҳудуди вилоятии Суғд 907 участкаи интихоботӣ ташкил ёфта буд.
Қобили зикр аст, ки дар вилояти Суғд ҷараёни интихоботро намояндагони САҲА, ИДМ ва бархе созмонҳои байналмилалӣ мушоҳида намуданд. Мувофиқи маълумоти манбаъ, беш аз ҳазор нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тартиботи ҷамъиятиро назорат мекарданд.
Хотирнишон месозем, ки имрӯз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натоиҷи пешакии интихоботи Президенти Тоҷикистонро эълон менамояд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






