Дар участкаи интихоботии №36 1197 нафар занон овоз хоҳанд дод

Ноябрь 6, 2013 15:26

Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).-Дар айни ҳол дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи И.Сомонӣ №2, участкаи №36 воқеъ  дар бинои мактаби ҳамагонии №13-и пойтахт   овоздиҳӣ барои интихоби  Президенти кишвар идома дорад. 
Тавре ки директори мактаби мазкур Гулнора Раҳимова ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар участкаи №36 ҳамагӣ 2359 нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, то соати 14:30 дақиқа  аллакай  75%  интихобкунандагон овози худро ба номзадҳояшон доданд.  Дар ин участка 5 нафар интихобкунандагон  аввалин маротиба дар интихобот иштирок мекунанд ва масъулин ба онҳо дастаи гул тақдим намуданд. 
Гулнора Раҳимова хабар дод, ки   5 нафар интихобкунанда дар интихобот иштирок карда наметавонад, зеро  2 нафари онҳо иштирокчии ҷанг ва 3 нафари дигар маъюб мебошад. Барои чунин шахсон қуттиҳои сайёр омода шудаанд ва дар айни ҳол раиси участкаи интихоботӣ Изатулло Ҷабборов ва ду нафар узви комиссия бо қуттиҳои сайёр  ба хонаи онҳо рафта, овози онҳоро мегиранд. 
Ба қавли Гулнора Раҳимова дар ин участка барои иштироки фаъолонаи занон дар интихобот, шумораи умумии занон ба қайд гирифта шудааст, ки 1197 нафари интихобкунандагони ин участка аз ҳисоби занон мебошад.
Нозирони ин участкаи интихоботӣ  то ин соат ягон камбудиро ба қайд нагирифтаанд.

Ноябрь 6, 2013 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш