Дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ

Ноябрь 7, 2013 16:03

Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар як шабонарӯзи сипаригаштаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар миқёси кишвар ҳамагӣ як ҷиноят ва 4 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки ҷинояти мазкур марбут ба маводи нашъадор мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки дар рӯзҳои маъмулӣ дар ҷумҳурӣ аз 35 то 40 ҷиноят  рух медод.
 
Қайд намудан зарур аст, ки дар рӯзи баргузории чорабинии мазкур, дигар ҷиноятҳо дар самти вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон ба  қайд гирифта нашудаанд, ки ин аз дарки баланди масъулияти шаҳрвандон ва  сокинони мамлакат дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ шаҳодат медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки ин чорабинӣ дар фазои дӯстиву рафоқат ва ҳусни тафоҳум  баргузор гардида, шаҳрвандон худ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳмгузор буданд.
 
Ихтиёран дар ин рӯз барои нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ беш аз 12,5 ҳазор нафар дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Дар ин бора сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад.

Ноябрь 7, 2013 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ