Дастурхони аҳолии Панҷакент пурнеъмат мегардад

Ноябрь 19, 2013 09:26

Панҷакент, 19 ноябр.(АМИТ «Ховар»,Гулбаҳор Худойбердиева).-Кишоварзони ноҳияи Панҷакент аз ҳавои мусоид истифода бурда, корҳои саҳроиро хуб ба роҳ мондаанд. Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори раёсати кишоварзии ноҳияи мазкур Ислом Шафиев иттилоъ дод, то ин муддат дар асоси супориши Президенти мамлакат оид ба зиёд намудани кишти картошка кишоварзони шаҳр иқдом гирифтанд, ки соли ҷорӣ дар майдони 3150 га кишти картошка гузаронанд. Тибқи ҳисоботи оморӣ дар соли 2013 кишти картошка ба 3583 га расонида шуд, ки нисбат ба соли 2012 — 452 га зиёд мебошад. Бояд зикр намуд, ки дар соли 2012 — 74324 тонна аз тарафи кишоварзон картошка истеҳсол шудааст, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як га 249 сентнериро ташкил намуд.
Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷамъоварии картошка идома дорад ва кишоварзон ният доранд, истеҳсоли картошкаро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар соли ҷорӣ ба 10015 тонна, аз ҷумла дар бахши  ҷамъиятӣ ба 48390 тонна расонанд.

Ноябрь 19, 2013 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ