Эҳсони соҳибкорон дар Ҳамадонӣ

Ноябрь 19, 2013 12:52

Ҳамадонӣ, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Расонидани кӯмакҳои яквақтаи иқтисодӣ ба оилаҳои ниёзманд ва маъюбону иштирокчиёни ҷангу меҳнат дар арафаи иду ҷашнҳо аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ҳамин замина соҳибкорони ноҳияи Ҳамадонӣ ба 26 нафар ятимони кулл ба маблағи 300 сомонигӣ, ба 25 оилаи ниёзманд ва 10 нафар иштирокчии ҷангу меҳнат кӯмаки навбатӣ расониданд, ки он аз орду равған, шакару тухм ва дигар маводи ғизоӣ иборат буд. 
Намояндагони ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон иштирокчиёни ҷангу меҳнат ва маъюбонро аёдат намуда, ба онхо маводи заруриро супориданд. Мавриди зикр аст, ки соҳибкорон Зафар Маҳмудов  ва Раҳмон Абдуллоев пайваста ба ин табақаи аҳолӣ кӯмаки яквақта мерасонанд ва мақсад доранд дар арафаи соли нави мелодӣ низ  ба ятимону бепарасторон ва ниёзмандон кӯмак расонанд.

Ноябрь 19, 2013 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ