Э. Раҳмон: «Ҳама дар назди қонун баробаранд»
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимов Рамазон Ҳамроевич дубора вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни муаррифии вазири нав дар Вазорати корҳои дохилӣ сухан ронда, зикр намуд, ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва суботи ҷомеа аз фаъолияти самараноки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, риояи волоияти қонун вазифаи аслии кормандони ин ниҳод бояд бошад ва ҳама ҷинояткорон дар пеши қонун баробар ҷавоб диҳанд.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки новобаста аз фарзанди кадом мансабдор будани шахси ҷинояпеша ӯ бояд ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, тавассути телевизион намоиш дода шавад, то ба дигарон дарси ибрат шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хизмати содиқонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки баҳри таъмини суботи кишвар ҷони худро нисор кардаанд, изҳори миннатдорӣ намуда, зикр дошт, ки Вазорати корҳои дохилӣ ҷойи шахсони тарсончаку дурӯя нест ва дар ин ниҳод бояд онҳое кор кунанд, ки ҳақиқатан ҷасуру нотарс ва далеру шуҷоъ ҳастанду ба Ватан ва халқи хеш содиқона хизмат мекунанд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Раҳимов Рамазон Ҳамроевич — генерал-лейтенанти милитсия 25-уми апрели соли 1960 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, устоди варзиш аст. Фаъолияти хизматиашро дар мақомоти корҳои дохилӣ аз нозири шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД-и ноҳияи Муъминобод оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои сардори шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии (ШМЗҶИ)-и ШКД-и ноҳияи Данғара, муовини сардори ШМЗҶИ-и вилояти Кӯлоб ва сардори ШКД-и ноҳияи Данғара кор кардааст. Солҳои 1994-2001 вазифаи сардори ШКД-и ноҳияҳои Ховалинг, Норак ва баъдан вазифаи ҷонишини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилиро ба уҳда дошт.
Соли 2001 ба вазифаи намояндаи ваколатдори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои мутташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) ва баъдан вазифаи муовини аввали Бюрои мазкурро бар дӯш дошт. Соли 2005 муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2007 ба вазифаи сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Фаъолияти хизматиашро соли 2008 дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дод. Аз моҳи феврали соли 2009 Раҳимов Рамазон Ҳамроевич муовини аввали вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, моҳи январи соли 2012 вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






