Экспедитсияи «Помир – 2013»
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 4 ноябр дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус вохӯрӣ бо иштироккунандагони аввалин экспедитсияи дучархасаворони «Помир – 2013» Игор Чавлитко, Евгений Шуманский ва Евгений Германчук баргузор гардид.
Тавре ки аз Сафорати Тоҷикистон дар Беларус хабар доданд, иштироккунандагони экспедитсия бо мақсади барқарор намудани равобити фарҳангию варзишии байни Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 то 26 июли соли ҷорӣ роҳи душвори кӯҳсори Помирро тай намуданд.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов зимни суханрониаш қайд намуд, ки ин воқеа далели таҳким бахшидани ҳамкории дуҷонибаи ҳар ду давлат мебошад. Мавсуф зикр намуд, ки соли 2014 Соли сайёҳӣ дар фазои ИДМ эълон шудааст, ки он ба рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.
Игор Чавлитко дар навбати худ ба Сафорати Тоҷикистон барои расонидани ёрӣ ҷиҳати ташкили ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Дар хотима Қозидавлат Қоимдодов ба иштироккунандагони экспедитсия ифтихорномаю тӯҳфаҳои хотиравӣ ато кард.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






