Фармондеҳи амрикоӣ ба Эмомалӣ Раҳмон сипос гуфт
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Маҷмӯи масоили ҳамкориҳои сиёсиву амниятӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву гуманитарии миёни Тоҷикистону Амрико дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Фармондеҳи Фармондеҳии нақлиётии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Вилям Фрейзер III мавриди таҳлилу муҳокима қарор гирифт. Фармондеҳи амрикоӣ пас аз мулоқот бо Сарвари давлат дар ҳузури намояндагони ВАО аз ҳамкориҳои босамари миёни ду кишвар ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар ин мулоқот соҳаҳои мухталифи ҳамкории Тоҷикистону ИМА, ки дар чанд соли ахир мунтазам рушд меёбанд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтаанд. «Мо хоҳони тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар партави таъмини амният, субот ва сулҳи сартосарӣ дар минтақа мебошем»- иброз дошт Фармондеҳи Фармондеҳии нақлиётии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Вилям Фрейзер III. Номбурда афзуд, маҳз бо татбиқи ҳамаҷониба ва мукаммали нақшаҳоямон мо метавонем ба раванди таҳкими сулҳу суботи минтақа вусъат бахшем. «Ман барои нақши муассир ва мусоидаткунандаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин самту арсаҳо бо эшон изҳори сипос намудам»- гуфт Фармондеҳи амрикоӣ.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






