Ифтитоҳи биноҳои нави филиалҳои «Амонатбонк»

Ноябрь 14, 2013 17:01

Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон  филиалҳои бонки мазкурро дар ноҳияи Муъминобод ва Ҳамадонӣ мавриди истифода қарор дод.
Тавре дар ин бора аз бонки мазкур хабар доданд, дар ҳамин раванд филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Муъминобод, ки солҳои тӯлонӣ бинои асосии худро надошт, мавриди омӯзиш ва навсозӣ қарор гирифт. Бинои тозабунёд аз ду ошёна ва 12 утоқи корӣ иборат буда,  барои 22 нафар корманди ин филиал ва мизоҷони он хизмат мерасонад. Гуфта мешавад, ки имрӯз дар филиалли «Амонатбонк»-и ноҳияи мазкур ҳама гуна хизмарасониҳои бонкӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудаанд. 
Ҳамчунин раиси Раёсат Гулнора Ҳасанова  дар ноҳияи Ҳамадонӣ низ  бинои тозабунёди филиали бонки мазкурро барои наздик ба 20 ҷойи корӣ  ифтитоҳ намуд.
 
 

Ноябрь 14, 2013 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш