Интихобот дар Роғун дар кадом сатҳ ҷараён дорад?

Ноябрь 6, 2013 14:30

 
            Душанбе, 6 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  қитъаҳои овоздиҳии шаҳри  Роғун ба таври муташаккилона ҷараён дорад», гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Аҳмад Аскаров-раиси Комиссияи ҳавзавии интихоботии Роғун №6. Мавсуф афзуд, ки овоздиҳӣ дар участкаҳои интихоботӣ аз соати 6:00 субҳ оғоз гардида, мардум бо руҳияи болида вориди қитъаҳои раъйдиҳӣ мегарданд. То соати 12:00 дар ҳавзаи интихоботии Роғун №6 аз 21 ҳазору  100 нафар интихобкунандагон 16 ҳазору 336 нафарашон дар интихобот иштирок намуда, ба номзади арзандаи худ овоз доданд, ки ин 74,4% -и шумораи раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад.
         Аҳмад Аскаров зикр кард, ки дар шаҳри Роғун соли равон 565 нафар ҷавононе, ки синнашон ба 18 расидааст, дар маъракаи муҳими сиёсӣ бори аввал иштирок менамоянд. Аз ин шумора аллакай 435 нафари онҳо ба қитъаҳои интихоботӣ омада, раъй доданд Ҷавононе, ки бори нахуст дар интихобот иштирок намуданд, аз ҷониби масъулини участкаҳои овоздиҳӣ хуш истиқбол гардида, ба онҳо ҳадяҳо тақдим карда шуданд,- афзуд Аҳмад Аскаров. Ҳамзамон аз қитъаҳои овоздиҳии ҳавзаи интихоботии Роғун №6, ки теъдодаш ба  21 адад мерасад, нозирони байналмилалӣ аз созмонҳои бонуфуз, назири Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо боздид намуда, ҷараёни баргузории ин чорабинии муҳими сиёсиро мушоҳида намуданд.13.23.  
 
 

Ноябрь 6, 2013 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ