Истеҳсоли намаки йоднок дар «Хоҷа Муъмин»

Ноябрь 30, 2013 11:33

Восеъ, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Олимон исбот намудаанд, ки кони намаки Хоҷамуъмин, ки яке аз бузургтарин конҳои намак дар ҷаҳон ба шумор меравад, метавонад як аср аҳолии курраи заминро бо намак таъмин намояд. Барои истеҳсоли намаки хушсифат аз кони мазкур дар даҳаи сеюми моҳи октябр дар ноҳияи Восеъ Ҷамъияти саҳомии «Хоҷа Муъмин» корхонаи коркарди намаки хушсифатро муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир мавриди истифода қарор дод. Корхонаи мазкур аллакай дар давоми 12 рӯзи фаъолият беш аз 200 тонна намаки хушсифати йоднок кардашуда истеҳсол намудааст, ки сифати маҳсулоташ ба меъёрҳои ҷахонӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар айни замон дар корхона 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки панҷоҳ фоизи онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Дар баробари ин дар корхона таъмиру барқарорсозии анборҳо идома дорад ва намаки ҷамъшуда дар онҳо захира мешавад. Ба иттилои роҳбари корхона аллакай маҳсулоти истеҳсолгардида бо тамғаи корхона дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба фурӯш бароварда шудааст ва мувофиқи дархости соҳибкорон ва корхонаю ташкилот Ҷамъияти саҳҳомии «Хоча Муъмин» имкон дорад ба воситаи нақлиёти худ миқдори зарурии намакро ба харидорон дар муҳлатҳои кутоҳтарин дастрас намояд.

Ноябрь 30, 2013 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад