Кӯмак ба мактаб-интернати ноҳияи Рӯдакӣ

Ноябрь 8, 2013 09:31

Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 7 ноябри соли 2013 намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти маҳаллӣ, ҳамчунин як ҳайати дипломатӣ дар маросими супоридани техникаи компютерӣ  ба мактаб-интернати маъюбон, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.
 Дар маросими кӯмаксупорӣ раиси Фонди хайриявии Тоҷикистон Талбак Назаров ва муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров ширкат доштанд.
 Барои меҳмонон намоиши театронидашуда пешкаш гардид, ки дар он хонандагони мактаби номбурда иштирок доштанд. Бачаҳо рақсу шеърхонӣ намуда, инчунин як саҳначаи ҳаҷвӣ намоиш доданд. 
 Бояд зикр намуд, ки маблағҳо барои фаъолияти хайриявӣ дар ҳаҷми зиёда аз 32 ҳазор сомонӣ дар ҷараёни Фестивали байналмилалии хайриявии таомҳо, ки дар тарабхонаи «Ёқут-2000» 21 сентябри соли 2013 бо ташаббуси Маҳфили сафирони шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Маҳфили иҷтимоии шаҳри Душанбе ва таҳти сарпарастии Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор гардид, бо мақсади кӯмак ҷамъоварӣ шуда буданд.
 
 

Ноябрь 8, 2013 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш