Камбудиҳо ислоҳ мешаванд?

Ноябрь 22, 2013 15:27

Душанбе, 22 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки то 1 январи соли 2014 муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев, раисони ноҳияҳои Сино — Зафар Сафаров, Исмоили Сомонӣ — Аламхон Қурбонов, Шоҳмансур — Самандар Бобоев ва раиси ноҳияи Фирдавсӣ — Саиднуриддин Алиев бинобар ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардидани фаъолияташон аз ҷониби вакилони Маҷлиси шаҳрӣ ҷиҳати таъмин накардани меъёрҳои қонунгузории кишвар дар самти танзими нигоҳдошти чорво дар ҳудуди пойтахт аз вазифаашон озод карда хоҳанд шуд. Дар робита ба ин ба шахсони мансабадори мазкур ҷиҳати ислоҳи камбудию норасоиҳо дар фаъолияташон то соли нав муҳлат дода шудааст. Дар холати то 1 январи соли 2014 таъмин накардани Қарори иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе “Дар бораи вазифаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ” дар самти батанзимдарории нигоҳдошти чорво ва ҳайвонот дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе”, масъалаи фаъолияти минбаъдаи мансабдорони мазкур баррасӣ мегардад.  Назар ба иттилои Шавкат Саидов-котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе, инчунин дар асоси қарори вакилони шаҳрӣ фаъолияти минбаъдаи сардори Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе Бобишо Қармишев ва директори Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии шаҳри Душанбе Зиёвуддин Афғонов дар вазифаи роҳбари аввал матраҳ хоҳад гардид.

Ноябрь 22, 2013 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ