Канорагирии андозбандии дукарата миёни Душанбею Бангкок

Ноябрь 14, 2013 11:18

 
Душанбе, 14 ноябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Гардиши мол байни Тоҷикистону Тайиланд дар нимсолаи аввали соли равон 884,5 ҳазор $-ро ташкил дод, ки ин омор дар қиёс ба соли 2012 -ум  108,3 %  зиёд аст. Ин матлабро Руҳуллоҳ Ҳакимов-муовини вазири молияи кишвар ҳангоми тавзеҳи Конвенсияи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Тайиланд оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани  саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад, ки онро палатаи поёнии Парлумони мамлакат баррасӣ ва тасдиқ намуд, зикр кард.
     Намояндаи масъули ниҳоди молиявии кишвар гуфт, ки муоҳидаи мазкур моҳи майи соли 2013 дар Бангкок дар ҷараёни сафари расмии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвари Осиёи Ҷанубу Шарқӣ  ба имзо расидааст.
Ҳадафи санади мазкур бартараф намудани андозбандии дукарата аз даромад ва сармоя ҷиҳати афзун гардонидани гардиши савдои байнидавлатӣ, афзоиши сармояи хориҷӣ, ташкили корхонаҳои муштарак доир ба коркарди ашёи хом байни  Тоҷикистону Тайиланд мебошад.
    Эътибор пайдо намудан санади мазкур имконият медиҳад, ки андозбандии даромад аз амвол, музди меҳнат ва сармоя, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, резидентҳо дар ҳар ду давлат ба танзим дароварда шавад.10.08.   
 
 

Ноябрь 14, 2013 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ