Китоби «Роҳ ба сӯи мушорикат»

Ноябрь 20, 2013 11:45

Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).- Дар  Тоҷикистон китоби  энсиклопедии «Роҳ ба  сӯи  мушорикат», ки  бо  роҳбарии  раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Шариф  Саид  таҳия  шудааст,  аз  чоп  баромад. 
 
Тавре  ки  аз Маркази  матбуоти  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  дар  ин  китоб  аз  таърихи  таъсису  рушди  Палатаи  савдо ва  саноати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  давраи  аз  соли  2003  то  соли  2013   нақл  карда  мешавад. Мавзӯи  китоб  ҳамчунин  иборат  аз  таҳлили  воқеаҳои   назарраси   ҳаёти   иқтисодии  кишвар  ва Палатаи  савдо  ва  саноат,  мавқеи  фаъоли  он  дар  амри  ҳифзу   дастгирии  ҳуқуқҳои  қонунӣ ва  манофеи   соҳибкорони  тоҷик  аст. 
 
Назар ба  гуфтаи  манбаъ,  дар  китоб  дастовардҳои  палата  тайи  тамоми   фаъолияти  53 – солааш, ки  ба  рушди  иҷтимоию иқтисодии  кишвар  таъсир  расонидаанд,  инъикос  ёфтааст.
 
Ба  фикри  роҳбарияти Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ,  китоби «Роҳ ба  сӯи мушорикат» барои  доираи  васеи  аҳли  ҷамъияти  кишвар  муфиду   зарур  хоҳад  буд. 

Ноябрь 20, 2013 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд