Конститутсия- кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон
Душанбе, 4 ноябр. ( АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- 4 ноябри соли 2013 дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 19-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Конститутсия- кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Шўрои адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва намояндагони дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок ва маърўза намуданд.
Аз ҷумла ҳозирин зимни суханронӣ ва маърўзаҳои худ иброз доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати сиёсиву иҷтимоӣ ифодакунандаи сиёсати амиқи пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, барои таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ки дар он арзишҳои умумии пазируфташудаи инсонӣ, ба монанди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эълон шуда, таъмини шароити мусоид барои зиндагии арзандаи ҳар шахс марому мақсад ва ҳадафи асосии давлат муқаррар шудааст, нақши муассир бозид.
Дар Конститутсияи мамлакат ғояи таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар шуда, барои аз ҷониби тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мустақилона бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ба амал баровардани салоҳияти худ, кафолати қонунӣ бахшида шуда, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ, гуногунандешии сиёсиву идеологӣ, бисёр¬ҳизбӣ, эътирофи моликияти хусусӣ ва кафолати пешбурди фаъолияти озоди соҳибкорӣ таъмин шуд, ки ин ифодаку¬нандаи шакли муосири давлатдории демократӣ дар низоми сиёсати ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






