Корхонаи хӯроки омехта ба кор медарояд
Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- Нишасти матбуотӣ, ки 25 ноябр дар дафтари Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба имзои созишномаи нав дар мавриди ҷудо кардани қарзи корпоратсияи зикршуда ба маблағи 2 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА барои роҳандозии истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво бахшида шуда буд. Тавре ки менеҷери минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Осиёи Марказӣ Моаззам Мекан қайд намуд, ин маблағ барои истеҳсоли хӯроки омехта ба манзури таъмини фермаҳои чорвопарварии маҳаллӣ бо намудҳои мухталифи хӯроки хушсифати омехтаи чорво, беҳдошти ғизо ва саломатии чорво, ҳамчунин вусъати рақобатпазирӣ ва баланд бардоштани сифати маҳсулоти бахши кишоварзии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад. Директори генералии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Нутристар Тоҷикистон» Малика Ҷумъаева ба журналистон хабар дод, ки моҳи январи соли 2014 дар ҳудуди фабрикаи мурғпарварии «Мурғи ҳилол» — и Файзобод ба истифода додани корхонаи тавлиди хӯроки омехтаи мурғ дар назар аст. Иқтидори тахминии корхона 36 ҳазор тонна хӯроки омехта дар як сол мебошад. Дар оянда дар ин корхона 150 нафар бо кор таъмин мегардад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






