Курси омўзишӣ: «Услубҳои муоинаи автомобилҳои дуздидашуда»

Ноябрь 29, 2013 16:26

Душанбе, 29 ноябр.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-15 афсари Хадамоти гумрукӣ дар курси омўзишӣ доир ба мавзўи «Услубҳои муоинаи автомобилҳои дуздидашуда» иштирок карданд. Курси мазкур аз ҷониби Барномаи мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) ташкил шудааст. Қобили зикр аст, ки кўмаки молиявӣ барои амалисозии ин чорабинии барномаи БОМКА аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо фароҳам гардида, иҷрокунандагони ин чорабинӣ Барномаи Рушди СММ (БРСММ) ва Маркази байналмиллалӣ оид ба рушди сиёсати муҳоҷиратӣ (МБРСМ) ба ҳисоб мераванд.  Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе хабар доданд, ду омўзгор аз Австрия ба иштироккунандагони курси омўзишӣ иттилооти асосиро дар бораи навъҳои гуногуни дуздидани автомобил ва воситаҳои муоинаи автомобил пешниҳод намуданд. Дар курси омўзишӣ иштироккунандагон бо услубҳои муайянсозии рақами идентификатсионии (VIN-коди) автомобилҳо ва роҳҳои ошкорсозии автомобилҳои дуздидашуда ошноӣ пайдо карданд. Ҳадаф ва вазифаҳои асосии барномаи БОМКА пуштибонӣ барои таҳкими амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мусоидат намудан ба рушди тиҷорат ва транзити қонунӣ, коҳиш додани убуру мурури ғайриқонунии одамон ва амвол дар сарҳад мебошад.Барномаи БОМКА аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби БРСММ ва МБРСМ (ба ҳайси шарики иҷрокунанда) амалӣ мегардад.

Ноябрь 29, 2013 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд