Маҷлиси миллӣ Қонун дар бораи рамзҳои Президентро ҷонибдорӣ намуд

Ноябрь 11, 2013 10:37

    Душанбе, 11 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро 11 ноябр аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат  дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев- раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ баргузор гардид, баррасӣ ва ҷонибдорӣ карданд.
     Мамадшо Илолов-раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ зимни муаррифии қонуни мазкур гуфт, ки  ба ду  моддаи лоиҳаи қонуни амалкунанда- моддаи 1 ва 6 тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки он масъалаҳои супоридани рамзҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад. Яъне, минбаъд тибқи ин тағйирот  тартиби супоридани рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дар асоси Қонуни мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мансаб дорандаи ордени «Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дараҷаи як мебошад. Инчунин дар ҷараёни маросими  ба иҷрои вазифа шуруъ намудани Президент /инаугуратсия/ ба Президенти кишвар аз ҷониби раиси Суди конститутсионии ҷумҳурӣ Нишони «Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ордени «Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дараҷаи 1 супорида шуда, дар ин маврид Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.
      Мамадшо Илолов гуфт, ки Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳанӯз 7 сол муқаддам, яъне соли 2006 қабул гардида буд ва бори нахуст аст, ки ба он Парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид менамояд.
 

Ноябрь 11, 2013 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш