Масъалаҳои таълими мусиқӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ

Ноябрь 29, 2013 14:28

Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси таълимӣ-методӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои таълими мусиқӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» баргузор гардид.  Дар конфронс масъалаҳои зарурати омӯзиши мусиқӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии муосир, китобҳои дарси мусиқӣ: таҳлил ва такмил, фаъолияти барномаи мусиқии «Мерос»(Мурагер) дар мактабҳои таҳсилоти умумии Қазоқистон, мулоҳизаҳо оид ба услуби таълими дарси «Мусиқӣ», вазифаҳои асосии таълими мусиқӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Гуфта мешавад, ки дар кори конфронс меҳмонон аз ИМА ва Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд. Дар ин бора сухангӯи Вазорати фарҳанги кишвар Раҳматулло Раҳматуллоев иттилоъ дод.

Ноябрь 29, 2013 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ