Медали Комроншоҳ аз мусобиқаи 75-солагии самбо

Ноябрь 25, 2013 14:01

Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сабоҳат Қадамова).- Комроншоҳи Устопириён варзишгари кишвар аз гӯштини самбо дар вазни то 90 кг медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни мардону занон ва самбои размӣ байни мардонро, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор гардид, соҳиб шуд. Дар мусобиқаи мазкур, ки ба ҷашни 75-солагии самбо бахшида шуда буд, варзишгарони 75 кишвари ҷаҳон иштирок ва барои ҷоизаи мусобиқа миёни ҳам рақобат карданд.Гуфта мешавад, ки варзишгарон барои 27 маҷмӯи медалҳо, 9- медал дар самбо миёни мардон, 9-то дар самбо миёни занон ва 9-медал дар самбои размӣ байни мардон мубориза бурданд.Комроншоҳи Устопириён, варзишгари тоҷик дар вазни то 90 кг нахустин бор рақибаш Георгий Баиндурови аз Гурҷистонро шикаст дода, ба варзишгари олмонӣ Даниэл Каррот ва Сабуҳӣ Охундов аз Озарбойҷон низ ғолиб омад. Комроншоҳ барои ба финал баромадан аз Иван Василчук аз Украина мағлуб гашта, барои ҷойи севвум Ҳелге Молтии олмониро шикаст дода, медали биринҷии мусобиқаро дар вазни худ ба даст овард.

Ноябрь 25, 2013 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ