Муҳокимаи масоили таҳсилоти фарогир

Ноябрь 13, 2013 14:03

Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Раъно  Нусратуллоева).- Бо  дастгирии шӯъбаи Созмони  байналмилалии Пажӯҳишгоҳи  «Ҷомеаи кушода» -Бунёди мадад дар  Тоҷикистон  пайваста  бо  ҳамкорӣ  бо Вазорати  маорифи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти  Тоҷикистон 21  ноябр Конфронси — П байналмилалӣ бахшида ба  масоили  рушди  таҳсилоти  фарогир  дар  Тоҷикистон  баргузор  мегардад. 
 
Тавре  ки  аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон  хабар  доданд,  мақсади  асосии  конфронс  иборат  аз  омӯзиши  масоили  таҳсилоти  фарогир, табодули  таҷриба ва  ҳамкорӣ,  имконияти  дарки  муҷаддади  принсипҳои  сиёсати  бахши  маориф мебошад.
 
Дар  ҷараёни  конфронс  масоилу  имкониятҳои  рушди  таҳсилоти  фарогир  дар  Тоҷикистон ва  кишварҳои  хориҷӣ,  таъмини  дастрасӣ  ба  таҳсилот,  хидматрасонии  иҷтимоӣ,  рафъи  монеаҳо  ва  фароҳам  овардани  шароити  мусоид,  тарҳрезии  муносибатҳои  нави  илмӣ  ва гузоштани  заминаи  таълимию  усулӣ  ва  ғайра  мавриди  муҳокима  қарор  мегиранд.

Ноябрь 13, 2013 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд