Муаррифии лоиҳаи «Бунёдкорони оянда»
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- Чанде пеш дар шаҳри Душанбе конфронс бахшида ба муаррифии лоиҳаи «Бунёдкорони оянда» баргузор гардид. Иштирокдорони конфронс пешниҳод намуданд, ки озмун барои маблағгузории бебозгашти тадқиқоти илмии бахши иҷтимошиносӣ ва маркетинг роҳандозӣ шавад.
Ин чорабинӣ бо ибтикору маблағгузории Маркази тадқиқоти иҷтимошиносии «Зеркало» рӯи кор оварда мешавад. Мақсад аз лоиҳа дар амал татбиқ намудани меъёрҳои қонун «Дар бораи тарбияи мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» ва мусоидат ба донишкадаҳои олии гуманитарии шаҳри Душанбе ба манзури иҷрои Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои дигари стратегии Ҳукумати ҶТ мебошад.
Лоиҳаи мазкур расонидани ёрӣ ба донишкадаҳои олии гуманитарии шаҳри Душанбе барои афзун намудани имкониятҳои илмии онҳо бо татбиқи муштараки лоиҳаҳои тадқиқоти илмии бахши таҳлили маркетингӣ мебошад.
Баъди татбиқи лоиҳа маҷмӯаи тадқиқоти илмию амалӣ, ҳамчунин маводи бахшида ба ташкилу тадқиқот интишор мешавад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






