Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ

Ноябрь 4, 2013 16:40

Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав   Назаров).- Имрӯз  Вазири  корҳои  хориҷии Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ Раиси Кумитаи  иҷроия – Муншии иҷроияи  Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил  Сергей  Лебедевро  ба  ҳузур  пазируфт. 
 
Тавре  ки аз  Раёсати  иттилоот,  матбуот,  таҳлил ва  тарҳрезии  сиёсати  хориҷии ВКХ ҶТ  хабар  доданд,  вазир   ба  Раиси Кумитаи иҷроия  барои  фаъолияти  самарабахш  ва  роҳандозии  муваффақонаи  ҷаласаҳои мақомоти оинномавии  ИДМ, ки  24 – 25  октябри  соли ҷорӣ  дар  шаҳри  Минск  доир  гардиданд,  изҳори  миннатдорӣ  кард.
 
Ҷонибҳо  дар  ҷараёни  мулоқот  перомуни  масоили  иштироки  ҳайати   намояндагони  кишварҳои  Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил  дар  интихоботи  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  табодули  афкор  намуданд. Вазири  корҳои  хориҷӣ итминон  дод, ки  интихоботи Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  сатҳи  баланди  сиёсию  ташкилӣ  ва  озоду  шаффоф  мутобиқ ба меъёрҳои  байналмилалӣ ва   арзишҳои  демократиӣ  хоҳад  гузашт.
 

Ноябрь 4, 2013 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш