Мулоқоти Шариф Саид бо В. Ласерталес

Ноябрь 28, 2013 11:15

Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид 26 ва 27 ноябр дар ҷаласаи Маҷмаи умумии Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо дар шаҳри Париж иштирок намуд. Тавре ки аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноти Тоҷикистон ба АМИТ «Хорвр» хабар доданд, Шариф Саид дар ҳошияи сафараш бо Муншии умумии Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо Висенте Гонзалес Ласерталес мулоқот анҷом дод, ки дар ҷараёни он масоили ҷории ҳамкорӣ бо Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо, ҳамчунин самтҳои дурнамои ҳамкорӣ ба манзури ташкили намоишгоҳҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Шариф Саид ба Бюрои намоишгоҳҳо барои дастгирии Тоҷикистон дар фаъолияти намоишгоҳҳо изҳори сипос карда, Висенте Гонзалес Ласерталесро даъват намуд, ки аз Тоҷикистон боздид намояд.

Ноябрь 28, 2013 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш