Муроҷиати шаҳрвандон ба Хадамоти муҳоҷират меафзояд

Ноябрь 16, 2013 09:46

 Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Тавре ки мудири бахши қабул ва маслиҳатдиҳии дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират   Дӯстмурод Умбаров хабар дод,  ба Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои зертобеи он  дар 10 моҳи соли 2013  12 ҳазору 228 нафар муроҷиат намудаанд.   
Дар давраи сипаригашта ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ  3490 нафар  шаҳрванд муроҷиат намудааст, аз  ҷумла, 1847 нафар ба тариқи  шифоҳӣ,  135 нафар аз тариқи хаттӣ ва  1508 нафар аз тариқи  телефони боварӣ муроҷиат намудаанд.
  Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ  дар раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар  вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳри  Душанбе ва навоҳии тобеи марказ,  инчунин Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия  фаъолият мекунад.

Ноябрь 16, 2013 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад