Мушкилоти муҳоҷират дар Минск баррасӣ мешавад

Ноябрь 15, 2013 14:44

Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар» С. Солеҳ). –Имрӯз, 15 ноябри соли 2013 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Мински Беларус ҷаласаи 14-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои  аъзои ИДМ оғоз гардид. Аз Тоҷикистон дар ин ҷаласа муовини сардори Хадамоти муҳоҷират Саидғуфрон Абдулло, сардори Раёсати иҷозатномадиҳӣ Анвар Носиров, сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия Мансур Орипов ва и.в. сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Туғрал Хайруллоев ширкат доранд. 
  Тибқи иттилои Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ҳамоиш  вазъи муҳоҷиратӣ дар кишварҳои ИДМ, лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи  Консепсия оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва демографии аъзои кишварҳои ИДМ,  ҷараёни амалишавии «Барномаи ҳамкории зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2012-2014»,  чораҷӯии кишварҳои аъзои ИДМ дар таъмини гурезаҳо ва мақоми гуреза, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти муҳоҷират, инчунин нақшаи кории Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои  аъзои ИДМ барои соли 2014 баррасӣ мегардад. 
 

Ноябрь 15, 2013 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд