Нахустин майдончаи варзишии донишгоҳ

Ноябрь 4, 2013 16:20

Душанбе,4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дар назди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ 2-юми ноябри соли равон майдончаи варзишӣ барои бозии футболи хурд мавриди истифода қарор гирифт. Тавре ки котиби матбуоти Донишгоҳи омӯзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар расми ифтитоҳи майдончаи мазкур ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов зикр намуд, ки тӯли бештар аз 80 соли мавҷудият донишгоҳ нахустин маротиба соҳиби майдон гардид. То ин замон донишҷӯён барои мусобиқоти футбол ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мерафтанд. Яке аз эродҳое, ки комиссияи аттестатсияи давлатӣ зимни санҷиш гирифт, маҳз набудани  майдончаи варзишӣ буд. Инак, дар ин майдон донишҷӯён метавонанд бемалол миёни ҳам сабқат намоянд.
А.Раҳмонов сохтмони майдончаро ҳамчун амалинамоии сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар самти варзиш арзёбӣ кард. 
Сипас, бахшида ба Рӯзи Сарқонуни мамлакат нахустин мусобиқаи футболи хурди дӯстона миёни факултаҳо доир гардид. Сабқат миёни дастаҳои духтаронаи факултаҳои иқтисодиёт ва идора дар соҳаи маориф ва забони англисӣ, таърих ва филологияи тоҷик, ҳамзамон, дастаҳои писаронаи факултаҳои таърих ва забонҳои романӣ-германӣ баргузор шуд.
Мусобиқа байни дастаҳои духтарона мусовӣ ва миёни дастаи писарона 1-0 бар манфиати дастаи факултаи забонҳои романӣ-германӣ анҷом ёфт.

Ноябрь 4, 2013 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ