Намоишгоҳ – ярмаркаи байналмилалии «Тоҷикистон – 2013»

Ноябрь 13, 2013 14:02

Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).- 12  ноябр  дар  шаҳри Душанбе  бо  иштироки  корхонаҳои  Эрон  Намоишгоҳ  — ярмаркаи  байналмилалии «Тоҷикистон – 2013» ифтитоҳ  гардид,  ки  он  иқдоми  муҳиме  дар роҳи  густариши   фаъолияти  корхонаҳои  Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии  Эрон  ба  шумор  меравад. Намоишгоҳ  — ярмарка  бо  ибтикори  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ ва  Ширкати  байналмилалии «Роҳи  рушди Осиё» — и  Эрон  ва    дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  доир  гардид. 
 
Тавре  ки  аз маркази  матбуоти  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  дар  маросими  ифтитоҳи  намоишгоҳ  муовини  раиси ПСС ҶТ Асаналӣ  Карамалиев,  раиси  Ширкати байналмилалии  «Роҳи  рушди  Осиё» Муҳаммад  Имронӣ,  намояндагони  сохторҳои  тиҷоратии  Тоҷикистону  Эрон,  аҳли  ҷамъияти  пойтахт,  ҳамчунин  васоити  ахбори оммаи  дохилию  хориҷӣ  ширкат  доштанд. 
 
Асаналӣ  Карамалиев  зимни  суханронии  табрикотиаш   зикр  намуд, ки  ҳамкории тиҷоратию  иқтисодии  Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии  Исломии  Эрон  сол  аз  сол  рушду  густариш  меёбад. Бо  иштироки  30  корхонаҳои шаҳрҳои Теҳрон,  Хуросон, Қазвин, Мозандарон,  Шероз,  Ҳамадони Эрон,  ҳамчунин  корхонаҳои Ҷумҳурии  Тотористон ва  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  шаҳри  Душанбе доир  гардидани  Намоишгоҳ – ярамаркаи  байналмилалӣ  боз  як  қадами  муҳиме  дар  ин  росто гардид.
 
Мақсади  асосии доир  шудани  намоишгоҳ  рушду  густариш  бахшидани  равобити  тиҷоратию  иқтисодии  байни соҳибкорони  ҳар  ду  кишвар,  ҷалби  сармоя,  истифодаи  техника, таҷҳизот ва технологияҳои  муҳосир,  ташкили  корхонаҳои  муштараки  коркарди ашёи  хоми  маҳаллӣ ва ба даст овардани  маҳсулоти  рақобатпазир  мебошад.
 
Хотирнишон  месозем, ки  намоишгоҳ – ярмарка то  16  ноябр  идома  меёбад.

Ноябрь 13, 2013 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш