Натиҷагирии ТТД дар Тоҷикистон
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Барои эълони натоиҷи тадқиқоти миллии тиббӣ — демографӣ барои соли 2012 дар Душанбе нишаст доир гардид, ки дар кори он Сафири ИМА Сюзан Эллиотт, инчунин роҳбари ҳайати минтақавии USAID оид ба кишварҳои Осиёи марказӣ сафир Ҷонатан Эддлтон, мудири шуъбаи тандурустӣ оид ба масоили занон ва оилаи дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобохоҷиева, директори Агентии омор Бахтия Муҳаммадиева ва муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон Саида Ҷобирова иштирок намуданд. Тадқиқоти тиббию демографӣ (ТТД), ки аз тарафи USAID дастгирӣ шудааст, ба ашхоси масъули Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар қабули тасмим саҳм доранд ва шарикони байналмиллалӣ маълумоти омории дақиқ ва ниҳоӣ роҷеъ ба вазъи саломатии аҳолӣ пешниҳод мекунад, зикр намуд Сафир Эллиотт дар нишасти мазкур. Тадқиқоти умумимиллӣ аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ шуда, тавассути Aгентии омори назди Президенти Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гаштааст. Ҳадафи аслии ТТД ҷамъ кардани маълумот оид ба саломатии модару кӯдак, зӯроварӣ дар оила, фаҳмиши мардум оид ба бемориҳои БНМО/АНМО ва сил иборат аст. Тадқиқоти мазкур зиёда аз 6,400 хонаводаро дар бар гирифта ва бо 9,600 зани аз 15 то 49-сола мусоҳиба анҷом дода шуд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






