Навсозии мактаб-интернати беҳдошти ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби ИМА

Ноябрь 11, 2013 09:40

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Фарзона Ашӯрмадова). -Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт манзилҳои барқароршудаи мактаб-интернати беҳдошт дар ноҳияи Рӯдакиро, ки бо маблағгузории Амрико навсозӣ гардидаанд, мавриди истифода қарор дод.  
Манзилҳои  аз нав барқарор шуда ҳаммом, хонаи либосшӯӣ ва обанбори барқароршуда мебошанд, ки бо маблағи 45 000 доллари ИМА  навсозӣ гардидаанд.  Корҳои барқарорсозӣ аз ҷониби Дафтари ҳамоҳангсози Департаменти давлатии ИМА оид ба кӯмаки ИМА ба давлатҳои Аврупо ва Авруосиё маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Барномаи ҷомеавӣ ва кӯмаки башардӯстонаи Каунтерпарт Интернешнл (CHAP) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудаанд.  Ҳолати санитарӣ ва беҳдошт барои талабагон ва кормандоне, ки дар мактаб кор ва зиндагӣ мекунанд, пас аз анҷоми корҳои барқарорсозӣ беҳтар гардидааст. 
Мактаб-интернати беҳдошт соли 1964 ҳамчун иншоот барои кӯдакони дорои сироятҳои мухталиф роҷеъ ба сироятнопазирии заифӣ аз сартосари ҷумҳурӣ таъсис шуда буд.  Зиёда аз 500 кӯдакони синни аз 7 то 16 дар мактаби мазкур соҳиби маълумоти ибтидоӣ шуда, ба муолиҷаи тиббӣ низ дастрасӣ доранд.  
 
 
 
 
 

Ноябрь 11, 2013 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш