Оғози Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- 16 ноябр дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов маросими оғози Ҳафтаи Аврупо баргузор гардид. Дар ин маросим асарҳои Бах, Бетховен, Бизе, Верди ва Паганини иҷро шуда, омӯзгорону донишҷӯёни консерватория суханронӣ карда, ҳамчунин ҳунарпешагони Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ ҳунарнамоӣ намуданд.Дар ҳошияи ҳафта филмҳои кишварҳои Аврупо намоиш дода, конфронс дар мавзӯи «Ҷиҳатҳои иҷтимоии зебопарастӣ» баргузор мегардад.Ин чорабинӣ бо ибтикори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Маркази фарҳанги «Бохтар» зимни ҳамкорӣ бо Хазинаи Ҷомеаи кушода, Пажӯҳишгоҳи Гёте воқеъ дар шаҳри Тошканд ва Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «IDEA» — и Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Қобили зикр аст, ки Ҳафтаи Аврупо панҷ сол боз дар Тоҷикистон доир мегардад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






