Омодагии участкаи интихоботии №43 дар Ярославл

Ноябрь 5, 2013 10:45

Душанбе, 5 ноябр (АМИТ «Ховар, Л. Қосимова).- Участкаи  интихоботии вилояти Ярославл барои дар сатҳи баланд ва озодона гузаронидани интихоботи Президенти ҶТ рӯзи  6 ноябри соли 2013 омода буда, муҳоҷирони меҳнатӣ ва тоҷикони муқимии шаҳри Ярославлро барои иштирок дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ даъват менамояд.
Бояд зикр намуд, ки интихобот дар бинои Донишгоҳи давлатии технологии Ярославл баргузор мегардад.
Толоре, ки дар он овоздиҳӣ демократию пинҳонӣ сурат мегирад, дар асоси меъёрҳо ва муқаррароти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизонида шудааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
 
 

Ноябрь 5, 2013 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ