Пахши мустақими ҷараёни ҷаласаи якҷояи ММ МН МО ҶТ тавассути TВ

Ноябрь 15, 2013 14:30

             Душанбе, 15 ноябр.(АМИТ«Ховар», Марзия Саидова).- Фардо, 16 ноябр дар Душанбе  ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум баргузор мегардад. 
               Аз палатаи болоии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷаласаи муштараки ҳар ду палатаи Парлумони мамлакат дар маҷлисгоҳи Маҷлиси Олӣ соати 9-и саҳар оғоз гардида, сипас кори худро дар Кохи «Сомон»-и бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати ҷумҳурӣ идома медиҳад.
              Дар кори ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар радифи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, инчунин роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои мамлакат ва дигар мақомоти масъули кишвар даъват гардидаанд. Дар ҷараёни ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Президенти тозаинтихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуда, ҳамзамон ба Президенти ҷумҳурӣ аз ҷониби раиси Суди Конститутсионии ҷумҳурӣ рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад. 
              Инчунин дар рӯзи савгандёдкунии инаугуратсияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт гузашти низомӣ бо ҳузури низомиёни гарнизони Душанбе, ҷузъу томҳои  сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар баргузор гардида, дар назар  аст, ки дар он авиатсияи низомӣ иштирок намояд.
             Бояд тазаккур дод, ки маросими ба фаъолият шуруъ  кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавассути шабакаҳои радио ва телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ба таври мустақим пахш мешавад.

Ноябрь 15, 2013 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд