Пулро ёфтан осон, саломатиро чӣ?

Ноябрь 15, 2013 14:55

Панҷакент, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Гулбаҳор Худойбердиева).-Имрӯз  аксар  шаҳрвандони шаҳри  Панҷакент аз баландии нархи доруҳо ва сифати пасти онҳо изҳори норозигӣ мекунанд. Онҳо боз аз он бештар ҳайронанд, ки ба чӣ сабабе қисмати бештари дорухонаҳои ноҳия бе нархномаҳо дору мефурӯшанд, яъне маблағи ягон дору муайян нашудааст?… Кӣ аз ин манфиат мебинаду кӣ ба қавле «хонабардӯш» магардад?
Аз ин амали «бар манфиати як  доруфурӯшу бар зарари аксар»-и дорухонаҳои доруҳояшон бе нархнома, ҳатто кормандони соҳаи тиб ва аслан он духтуроне ҳам, ки дар дармонгоҳҳову беморхонаҳо кор мекунанд, низ норозиву дар шигифтанд. Аз ҷумла, сардухтури дармонгоҳи таваллудхонаи шаҳри Панҷакент Камолиддин Баҳриев мегӯяд, ки дар ҳолате, ки доруи дорухона нархи муайян надошта бошад, яъне нархаш навишта нашудааст, хоҳ нохоҳ харидор гумон мекунад, ки доруфурӯш ӯро фиреб медиҳад, ҳатто дар сурати на он қадар баланд будани қиммати дору ҳам. Аз ин рӯ, барои ба доруфурӯш бовар кардани мизоҷ ва норозигие миёни ду ҷониб- харидору фурӯшанда рух надодан, беҳтар он аст, ки дорухонаҳо ба доруҳояшон нарх мемонданд. Ин аз ҷониби дигар, бар манфиати худи доруфурӯшҳо ҳам аст, зеро харидор чун дид, ки нарх навишта шудааст, бовараш ба доруву он нуқтаи савдои дору бештар мегардад ва шояд бе дудилагӣ аз он ҷо мудом харидорӣ намояд.
Ба андешаи аксар, доруфурӯшҳои имрӯза на дар ғами беморон, балки дар андешаи пур кардани кисаи хешанд. Пас, кӣ бояд дар ғаму андешаи саломатии мардум бошад?..
 

Ноябрь 15, 2013 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд