Роҳандозии «Донишвари умедбахш» дар Хатлон
Ҳамадонӣ, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии муҳассилин ҳамасола Раёсати маорифи вилояти Хатлон байни толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва ҳамагонӣ озмуну олимпиадаҳои фанниро роҳандозӣ менамояд, ки хонандагони фаъол дар даврҳои гуногуни озмунҳо ширкат варзида, соҳиби ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилоят ва роҳхатҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мегарданд. Дар даври навбатии чунин як озмун бо номи «Донишвари умедбахш», ки миёни хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ гузаронида шуд, шумораи иштирокчиён нисбат ба соли гузашта панҷ баробар зиёд буд.
Бояд гуфт, ки озмуни «Донишвари умедбахш» соли дуюм аст, ки гузаронида мешавад ва дар соли аввал дар сатҳи вилоят бештари ҷойҳои ифтихориро маҳз хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи мазкур соҳиб гардиданд. Пайваста гузаронидани чунин озмунҳо шавқи мактаббачагонро ба донишандӯзӣ бештар мекунад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






